Гузаштан ба муҳтаво
BukmekerHub-TJ
  • Раддабандиҳо
  • Баррасиҳо
    • Melbet
    • 1xBet
    • Formula55
    • Parimatch
    • Tennisi
    • Komyob
    • Linebet
    • Pinco
    • Рахш
    • Betwinner
    • Betcity
    • 1win
    • Mostbet
  • Роҳнамоҳо
  • TJ Тоҷикӣ
  • RU Русский
Меню
  • Рейтинги букмекерҳо
  • Баррасиҳо
    • Melbet
    • 1xBet
    • Formula55
    • Parimatch
    • Tennisi
    • Komyob
    • Linebet
    • Pinco
    • Рахш
    • Betwinner
    • Betcity
    • 1win
    • Mostbet
  • Роҳнамоҳо
    • Оё шартгузорӣ қонунӣ аст
    • Қимор ва шартгузорӣ дар ислом
    • Фрибет чист
  • Методологияи мо
  • Дар бораи лоиҳа
  • Бозии масъулиятнок
  • Муаллифон
  1. Асосӣ
  2. Баррасиҳо
  3. Рахш
Рахш тҷ: баррасии ширкати букмекерии Raxsh — сомона ва барнома, Корти Миллӣ дар хазина, шартҳои гирифтани маблағ ва нуқтаҳои қабули шарт
Корти Миллӣ ва пули нақд
Баҳои асосӣ
5.6
Тасҳеҳ
−0.5
★5.1/10 Баҳои ниҳоӣ

Рахш тҷ: баррасии ширкати букмекерии Raxsh — сомона ва барнома, Корти Миллӣ дар хазина, шартҳои гирифтани маблағ ва нуқтаҳои қабули шарт

Рахш — букмекери тоҷикистонӣ бо сомонаи raxsh.tj, ҳисоб бо сомонӣ ва нуқтаҳои қабули шарт, ки бурдро нақд медиҳанд. Бартарӣ — Корти Миллӣ ва ҳашт усули маҳаллӣ дар хазина, камбудӣ — маржаи 7,10% ва шартҳои сахти гирифтани маблағ.

Гузаштан ба сомона
Бартариҳо
  • Саҳифаи пур кардан ҳашт усули маҳаллиро номбар мекунад — Корти Миллӣ, Душанбе Сити, Ҳумо, Васл ва ҳамёнҳо; ҳисобро нақд дар касса ҳам пур кардан мумкин аст.
  • Бурдро ба Корти Миллӣ, ба Душанбе Сити ё нақд дар нуқтаи қабули шарт бо шиноснома гирифтан мумкин аст.
  • Бонуси 100% ба пасандози аввал то 11 111 TJS мӯҳлати бозбурд надорад; ҳангоми пасандоз то 7 777 TJS гардиш x15 аст.
  • Дар хат тақрибан 2 500 рӯйдод дар 23 бахш, Cash Out ва тағйир додани шарт ҳаст; ҳадди ақали шарт — 5 TJS.
  • Барнома барои iPhone дар App Store-и Тоҷикистон ва файли APK барои Android аз худи сомона дастрас аст.
Камбудиҳо
  • Маржа дар натиҷаи бозиҳои Лигаи чемпионҳо 7,10% аст: дар ҳамон 18 бозӣ 11 ширкати дигар камтар гирифтанд.
  • Пеш аз гирифтани маблағ 60% пасандоз бояд бо коэффитсиенти аз 1,87 гузошта шавад, дархости аввал — на барвақттар аз 24 соат баъди пур кардан.
  • Нусхаи тоҷикии сомона нест: интерфейс бо русӣ, англисӣ ва хитоӣ, барнома бо англисӣ.
  • Чемпионати Тоҷикистон дар хат нест, суроғаҳои нуқтаҳои қабули шарт дар сомона нашр нашудаанд.
  1. Рахш дар як нигоҳ ва чӣ тавр санҷидем
  2. Сомона ва барномаи Рахш: забонҳо, Android ва iPhone
  3. Иҷозатнома ва вазъи ҳуқуқии Рахш
  4. Бақайдгирӣ ва воридшавӣ ба Рахш
  5. Тасдиқи шахсият дар Рахш: кадом ҳуҷҷат ва дар куҷо
  6. Пур кардани ҳисоби Рахш: Корти Миллӣ, Душанбе Сити ва нақд
  7. Гирифтани маблағ аз Рахш: 24 соат, 60% ва се дархост дар як рӯз
  8. Бонуси Рахш барои пасандози аввал: 100% то 11 111 сомонӣ
  9. Хат ва маржаи Рахш: 23 намуди варзиш ва ченаки мо
  10. Қоидаҳои ҳисоби шартҳо дар Рахш
  11. Нуқтаҳои қабули шарти Рахш ва хадамоти дастгирӣ
  12. Бартариҳо ва камбудиҳои Рахш
  13. Бозии масъулиятнок дар Рахш: GameStop ва рақами 8686
  14. Саволҳои маъмул дар бораи Рахш
    1. Оё Рахш иҷозатномаи Тоҷикистон дорад?
    2. Аз чанд солагӣ дар Рахш шарт гузоштан мумкин аст?
    3. Ҳисоби Рахшро чӣ тавр бо Корти Миллӣ пур кардан мумкин аст?
    4. Чаро Рахш дархости гирифтани маблағро фавран қабул намекунад?
    5. Бонуси Рахш барои пасандози аввал чӣ тавр гирифта мешавад?
    6. Оё Рахш барнома барои Android ва iPhone дорад?
    7. Нуқтаи наздиктарини қабули шарти Рахш дар куҷост?

Рахш тҷ — ин сомонаи raxsh.tj ва нуқтаҳои заминии қабули шарти букмекери тоҷикистонии Рахш (Raxsh). Ҳисоб бо сомонӣ кушода мешавад, хазина Корти Миллӣ, Душанбе Сити ва ҳамёнҳои маҳаллиро қабул мекунад, бурдро бошад, дар нуқтаи қабули шарт нақд гирифтан мумкин аст.

Камбудиҳо ҳам равшананд: нархи хат баланд аст ва гирифтани маблағ шартҳои сахт дорад. Дар ин баррасӣ хазина ва гирифтани маблағ, бонус, хат бо маржаи ченкардаи мо, барнома ва нуқтаҳои қабули шарт дида баромада мешаванд. Дар сомона бахшҳои бозиҳои тасодуфӣ ҳам ҳастанд: натиҷаи онҳоро барнома муайян мекунад ва ба ин баррасӣ дохил нестанд.

Рахш дар як нигоҳ ва чӣ тавр санҷидем

Рахш барои бозингаре мувофиқ аст, ки ҳисобро бо сомонӣ нигоҳ медорад ва бо усулҳои маҳаллӣ пардохт мекунад. Маълумоти асосӣ дар ҷадвали поён ҷамъ оварда шудааст.

Нишондиҳанда Маълумот
Ном Рахш, Raxsh
Сомона raxsh.tj
Иҷозатнома Вазорати молияи Тоҷикистон
Синну сол 18+
Асъори ҳисоб сомонӣ (TJS), рамзи +992 дар варақаи бақайдгирӣ
Пур кардан ҳашт усули маҳаллӣ, аз ҷумла Корти Миллӣ ва Душанбе Сити; нақд дар нуқтаи қабули шарт
Гирифтани маблағ Корти Миллӣ, Душанбе Сити ва нақд; дархости аввал на барвақттар аз 24 соат баъди пасандоз
Ҳадди ақали шарт 5 TJS
Бонус барои бозингари нав 100% ба пасандози аввал, то 11 111 TJS
Барномаҳо iPhone — App Store-и Тоҷикистон; Android — файли APK аз сомона
Забонҳои сомона русӣ, англисӣ, хитоӣ; тоҷикӣ нест
Дастгирӣ 8686, [email protected], боти Telegram, чат дар сомона

Мо саҳифаҳои кушодаи raxsh.tj-ро 2 ноябри соли 2026 дида баромадем: қоидаҳо (бандҳои 1.1–1.39), саҳифаи пур кардан, бахши «Промо» бо қоидаҳои бонус, хат дар 23 бахш, бозии масъулиятнок ва тамосҳо. Варақаи бақайдгирӣ, воридшавӣ, хат ва саҳифаи барномаҳо 29 октябр сабт шудаанд. Маржа 2 ноябр дар 18 бозии Лигаи чемпионҳо бо 11 букмекери дигар дар як вақт чен карда шуд.

Ҳар хол дар ҷадвали баҳо ба ҳамин маълумот такя мекунад; тартиби баҳогузорӣ дар саҳифаи «методологияи мо» шарҳ дода шудааст.

Саҳифаи асосии сомонаи Рахш: сатри намудҳои варзиш аз футбол то шоҳмот, баннери «Бонус +100% до 11 111 сомони на первый депозит» ва тугмаҳои «Мои ставки», «Промо», «Избранное», «Экспрессы», «Настройки»
Саҳифаи асосии raxsh.tj: намудҳои варзиш дар як сатр ва баннери бонус дар зери он.
Меъёр Хол Асос
Коэффитсиентҳо ва маржа 3 / 10 Маржаи 7,10% дар натиҷаи бозиҳои Лигаи чемпионҳо (даври 4, 18 бозии умумӣ, хат 30–56 соат пеш аз оғоз): аз 1 000 сомонии гардиш тақрибан 66 сомонӣ дар ширкат мемонад; аз рӯи бозиҳо аз 6,66% то 7,49%, медианаи 12 ширкати ҳамон ченак — 4,48%, маржаи 11 ширкати дигар пасттар аст
Пур кардани ҳисоб ва остонаи воридшавӣ 8 / 10 Ҳисоб бо сомонӣ; саҳифаи пур кардан ҳашт усули маҳаллиро номбар мекунад — Душанбе Сити, Ҳумо, Шукр Молия, Мегафон Лайф, Мой Тселл, ҳамёни Вавилон, Васл ва Корти Миллӣ, қоидаҳо (банди 1.1) терминалҳои Шукр Молия ва Экспресс Пей, Visa ва кортҳои номиналии нуқтаҳои қабули шартро илова мекунанд; нақд дар касса ҳам мумкин аст. Комиссияи бонкро бозингар худаш мепардозад (банди 1.19)
Гирифтани маблағ: усулҳо, маҳдудиятҳо ва комиссияҳо 6 / 10 Гирифтани маблағ ба Корти Миллӣ, Душанбе Сити ва нақд дар нуқтаи қабули шарт (нақд — ба соҳиби ҳисоб бо шиноснома ва РМА); аммо тибқи қоидаҳо дархост на барвақттар аз 24 соат баъди пасандози аввал, пеш аз гирифтан 60% пасандоз бояд бо коэффитсиенти аз 1,87 гузошта шавад, дар як шабонарӯз на бештар аз се дархост, барои дархостҳои «холӣ» — комиссия то 2%
Вазъи ҳуқуқӣ ва ошкор будани оператор 7 / 10 Дорандаи иҷозатномаи Вазорати молияи Тоҷикистон тибқи таҳқиқоти мо; операторро фурӯшандаи барнома дар App Store тасдиқ мекунад. Аммо дар худи сомона на рақами иҷозатнома ва на номи ширкат нест: дар поёни сайт танҳо аломати 18+ ва пайвандҳо ба қоидаҳо, феҳристи кушодаро Вазорати молия нашр намекунад
Шаффофияти қоидаҳо 6 / 10 Қоидаҳо бе воридшавӣ кушодаанд ва бандҳо рақам доранд (1.1–1.39): шакли ҳуҷҷатҳо, шартҳо ва мӯҳлатҳои гирифтани маблағ, маҳдудиятҳои шарт, қоидаҳои бонус — бо тугма дар корти аксия; аммо мӯҳлати санҷиши шахсият инфиродӣ аст, мӯҳлати бозбурди бонус гуфта нашудааст ва барои бозиҳои ба вақти дигар гузашта ва қатъшуда қоидаи умумӣ нест
Ҳалли баҳсҳо 4 / 10 Қоидаҳо роҳҳоро барои таъхири пардохт (Telegram бо рақами банди 1.29) ва бастани ҳисоб (банди 1.39) мегӯянд, вале тартиб ва мӯҳлати баррасии шикоят дар бораи шартро не; мақоми мустақил нест, шикоят аз дорандаи иҷозатномаро ба Вазорати молия фиристодан мумкин аст
Ҳифзи бозингар ва бозии масъулиятнок 4 / 10 Барномаи худистисноии GameStop — бо занг ба рақами кӯтоҳи 8686, маълумоти бозингари истисношуда нигоҳ дошта мешавад, то ӯ дубора ба қайд нагирад; маҳдудияти пасандоз ва шартро қоидаҳо ва саҳифаи бозии масъулиятнок тасвир намекунанд
Хат ва бозорҳо 6 / 10 23 бахши намудҳои варзиш ва тақрибан 2 500 рӯйдод, беш аз 1 000-тояш футбол (2.11.2026); бозорҳои бозии калон бо Bet Builder, кунҷиҳо, кортҳо ва омор, киберварзиш — чор бозӣ, Cash Out ва тағйир додани шарт; аммо чемпионати Тоҷикистон ва чемпионати Русия дар хат нестанд, видеоро ба меҳмон нишон намедиҳанд
Барномаи мобилӣ 6 / 10 Барнома дар App Store-и Тоҷикистон (фурӯшанда MILODIEN, JSP, версияи 1.0.1, тақрибан 10,8 МБ, iOS 15.0+, танҳо англисӣ, 4,1 аз 10 овоз) ва APK барои Android тақрибан 4,9 МБ аз сомона; саҳифаи барномаҳо танҳо аз телефон кушода мешавад, дар Google Play барномаи расмӣ нест
Бонусҳо ва шартҳои гардиш 5 / 10 100% ба пасандози аввал аз 100 TJS, ҳадди аксар 11 111 TJS, бе мӯҳлати бозбурд; гардиш — 15 маблағи бонус ҳангоми пасандоз то 7 777 TJS ва 20 — ҳангоми пасандози калонтар, шарт дар вақти бозбурд на зиёда аз 200 TJS, танҳо «Спорт» ва Live ҳисоб мешаванд; тавассути касса — 105% ва +5% ба пасандозҳои навбатӣ
Мутобиқат ба Тоҷикистон 8 / 10 Ҳисоб бо сомонӣ ва рамзи +992 дар бақайдгирӣ, ҳашт усули маҳаллии пур кардан бо Корти Миллӣ ва Душанбе Сити, нақд дар нуқтаҳои қабули шарт, рақами кӯтоҳи 8686; аммо нусхаи тоҷикии сомона нест (русӣ, англисӣ, хитоӣ), барнома танҳо бо англисӣ, чемпионати Тоҷикистон дар хат нест


Хулосаи муҳаррир
Тимур Юсупов Тимур Юсупов Муҳаррир

Рахш барои бозингари тоҷик хазинаи наздик дорад: саҳифаи пур кардан ҳашт усули маҳаллиро — аз Корти Миллӣ ва Душанбе Сити то Ҳумо ва Васл — номбар мекунад, ҳисобро пур кардан ва бурдро гирифтан дар нуқтаҳои қабули шарт бо пули нақд ҳам мумкин аст. Бонуси пасандози аввал мӯҳлати бозбурд надорад, Cash Out ва барномаҳо барои iPhone ва Android ҳастанд.

Камбудиҳо вазнинанд: маржа дар натиҷаи бозиҳои Лигаи чемпионҳо 7,10% аст — аз ҳар 11 ширкати дигари ченаки мо баландтар; пеш аз гирифтани маблағ 60% пасандоз бояд бо коэффитсиенти аз 1,87 гузошта шавад, дархости аввал бошад, на барвақттар аз як шабонарӯз баъди пур кардан. Дар сомона на суроғаҳои нуқтаҳо ҳаст ва на забони тоҷикӣ. Рахш ба касе мувофиқ аст, ки дар нуқта бо пули нақд шарт мегузорад ва бурдро гоҳ-гоҳ мегирад.

Баҳои муаллиф
5.6
Тасҳеҳи муҳаррир
−0.5
Баҳои ниҳоӣ
5.1/10


18+ Melbet

Промокод барои Тоҷикистон

Melbet: промокоди бақайдгирӣ ба пасандози аввал бонус медиҳад.

Гирифтани бонус
Android iOS

Сомона ва барномаи Рахш: забонҳо, Android ва iPhone

Суроғаи сомонаи Рахш raxsh.tj аст. Онро дар сатри браузер худатон нависед ва аз пайвандҳои таблиғотӣ нагузаред. Дар менюи боло бахшҳои «Турниры», «Кено», «Виртуальный спорт», «Спорт» ва Live ҷойгиранд. Поёнтар баннерҳои бонус ва нишонаҳои намудҳои варзиш меистанд, тугмаҳои алоҳида ба «Мои ставки», «Промо», интихобшудаҳо, экспрессҳо ва танзимот мебаранд.

Нусхаи тоҷикии сомона нест: интерфейс бо забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоӣ кушода мешавад. Пас менюҳо ва қоидаҳоро бо русӣ ё англисӣ хондан лозим меояд. Ҳуҷҷати шахсиро барои санҷиш бошад, бо забони тоҷикӣ ҳам қабул мекунанд.

Сомонаи аслиро танҳо аз рӯи суроға шинохтан мумкин аст: дар сатри браузер бояд маҳз raxsh.tj навишта шуда бошад. Дар поёни сайт ғайр аз аломати 18+ ва пайвандҳо ба қоидаҳо маълумоти дигар нест. Логотип ва рангҳоро бошад, нусхабардорӣ кардан осон аст, бинобар ин намуди зоҳирӣ чизеро исбот намекунад.

Дар телефон Рахш бо се роҳ кор мекунад:

Дастгоҳ Аз куҷо Ҳаҷм Талабот
Android файли APK аз саҳифаи барномаҳои raxsh.tj, насби дастӣ тақрибан 4,9 МБ дар саҳифа гуфта нашудааст
iPhone App Store-и Тоҷикистон тақрибан 10,8 МБ iOS 15.0 ва навтар
Версияи мобилӣ raxsh.tj дар браузер, бе насб — браузери муосир

Саҳифаи барномаҳо тугмаҳои «Скачать iOS» ва «Скачать Андроид» дорад ва танҳо аз телефон кушода мешавад; аз компютер хато медиҳад. Насб дар Android чунин аст:

  1. raxsh.tj-ро дар браузери телефон кушоед ва дар менюи асосӣ бахши барномаҳоро интихоб кунед.
  2. Тугмаи «Скачать Андроид»-ро пахш кунед ва файли APK-ро нигоҳ доред.
  3. Ба браузер насб аз манбаъҳои номаълумро иҷозат диҳед — Android инро як бор мепурсад.
  4. Файлро кушоед ва насб кунед, баъд иҷозатро дар танзимот хомӯш кунед.

Дар Google Play барномаи расмии Рахш нест, барномаҳои ҳамном дар он ҷо ба букмекер иртибот надоранд. Барномаи iPhone версияи 1.0.1 дорад, бо забони англисӣ аст, аломати синну соли 17+ гузошта шудааст ва баҳои он дар App Store-и Тоҷикистон 4,1 аз 10 овоз аст. Дар он рӯйдодҳо, купон, натиҷаҳо ва идораи ҳисоб ҳастанд. Пеш аз насб номи фурӯшандаро дар корти барнома санҷед: он бояд бо оператори дар бахши иҷозатнома зикршуда мувофиқ ояд.

Версияи мобилии браузер ба касе мувофиқ аст, ки гоҳ-гоҳ шарт мегузорад ё хотираи телефонро банд кардан намехоҳад. Дар он хат, Live, бонусҳо ва кабинет ҳастанд.

Саҳифаи барномаҳои Рахш: тугмаҳои «Скачать iOS» ва «Скачать Андроид» дар зери логотипи букмекер
Саҳифаи барномаҳо аз телефон кушода мешавад ва ду тугма дорад — барои iPhone ва Android.

Иҷозатнома ва вазъи ҳуқуқии Рахш

Рахш бо иҷозатномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад: иҷозатномаи № 336 соли 2019 дода шудааст, оператор — ҶСП «Милодиён». Пас шартгузорӣ дар Рахш дар доираи қонуни Тоҷикистон сурат мегирад ва баҳс бо ширкат дар ихтиёри мақомоти кишвар аст.

Иҷозатномаҳои фаъолияти букмекериро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (moliya.tj) медиҳад. Феҳристи кушодаи иҷозатномаҳо дар сомонаи вазорат нашр намешавад, худи raxsh.tj бошад, на рақами иҷозатнома ва на номи ширкатро нишон медиҳад. Номи операторро корти барнома дар App Store тасдиқ мекунад, ки дар он фурӯшанда MILODIEN, JSP навишта шудааст. Рақами иҷозатнома аз таҳқиқоти мо гирифта шудааст, на аз сомона.

Агар ширкат масъалаи шуморо ҳал накунад, шикоятро ба Вазорати молия ҳамчун мақоми додани иҷозатнома фиристодан мумкин аст. Чӣ тавр иҷозатномаи букмекерро санҷидан мумкин аст ва қонуни Тоҷикистон дар бораи шартгузорӣ чӣ мегӯяд, дар мақолаи «шартгузорӣ ва қонун» шарҳ дода шудааст.

Бақайдгирӣ ва воридшавӣ ба Рахш

Дар Рахш аз 18-солагӣ ба қайд гирифтан мумкин аст ва роҳ ду аст: бо рақами телефон ё бо почтаи электронӣ. Ҳар ду ҷадвал дар як варақа ҷойгиранд. Маълумоти профил бояд дуруст бошад, зеро баъдтар шахсиятро аз рӯи он месанҷанд.

  1. raxsh.tj-ро кушоед ва дар менюи боло тугмаи сабзи «Регистрация»-ро пахш кунед.
  2. Ҷадвали «Телефон» ё «E-mail»-ро интихоб кунед; барои телефон рамзи +992 (TJ) аз пеш гузошта шудааст.
  3. Рақам ё суроғаи почтаро ворид кунед ва барои воридшавӣ парол созед.
  4. Асъори ҳисобро санҷед: дар варақа TJS гузошта шудааст.
  5. Агар рамзи таблиғотӣ доред, онро дар майдони ихтиёрии «Введите промокод» нависед.
  6. Аломати «Я старше 18 и принимаю Правила и условия» аз пеш гузошта шудааст; қоидаҳоро хонда, «Зарегистрироваться»-ро пахш кунед.
  7. Рамзи SMS-ро ворид кунед ва дар профил насаб, ном ва санаи таваллудро пур кунед: тибқи банди 1.2-и қоидаҳо онҳо ҷузъи бақайдгирӣ мебошанд.

Худи варақа якчанд дақиқа вақт мегирад. Барои гирифтани маблағ баъдтар ҳуҷҷат ва маълумоти пардохт лозим мешаванд. Ҳисоби дуюм барои як шахс тибқи қоидаҳо манъ аст.

Варақаи бақайдгирии Рахш, ҷадвали «Телефон»: рамзи +992, рақам, парол, асъори TJS, майдони «Введите промокод» ва аломати 18+
Дар бақайдгирӣ бо телефон рамзи +992 ва асъори TJS аз пеш гузошта шудаанд.
Тирезаи воридшавӣ ба кабинети Рахш: интихоби «Телефон / E-mail», майдони рақам бо рамзи +992, парол ва пайванди «Забыли?»
Ворид шудан бо телефон ё почта мумкин аст, паролро бо пайванди «Забыли?» барқарор мекунанд.

Барои воридшавӣ тугмаи «Вход»-ро пахш кунед: тиреза байни «Телефон» ва «E-mail» интихоб медиҳад ва паролро мепурсад. Агар паролро фаромӯш кардед, пайванди «Забыли?» онро барқарор мекунад. Агар рақами телефон иваз шуда бошад ё дастрасӣ ба почта гум шуда бошад, ба хадамоти дастгирӣ нависед ва ҳисоби дуюм накушоед.

Дар кабинет тавозун ва амалиёти пулӣ, таърихи шартҳо, бонусҳо, танзимот ва боркунии ҳуҷҷатҳо ҷойгиранд. Парол ва рамзҳои тасдиқро ба касе нагӯед.

Тасдиқи шахсият дар Рахш: кадом ҳуҷҷат ва дар куҷо

Рахш шахсиятро бо дархост, аз ҷумла пеш аз пардохт, месанҷад. Ҳуҷҷатро дар нуқтаи қабули шарт нишон додан ё акси рангаи онро дар кабинет бор кардан мумкин аст. Шиноснома ва корти мушаххаси миллӣ мувофиқанд, агар акс, ном, санаи таваллуд ва рақам хонда шаванд.

Тибқи банди 1.7-и қоидаҳо ҳуҷҷат бо забони тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ қабул мешавад. Файл бояд JPG, JPEG ё GIF бошад ва аз 400 КБ зиёд набошад. Аксро пурра гиред, бо ҳамаи канорҳои саҳифа.

Гоҳо букмекер маълумоти бештар мехоҳад: акси худ бо шиноснома, ҳисобот аз бонк, ҳуҷҷати суроға ё тасдиқи он, ки корт аз они шумост. Мӯҳлати санҷишро қоидаҳо намегӯянд: тибқи банди 1.8 он барои ҳар ҳисоб алоҳида муайян мешавад. Агар бозингар аз санҷиш даст кашад ё ҳуҷҷати қалбакӣ фиристад, ҳисобро бастан ва пулро то як моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.

Бандҳои 1.7 ва 1.8-и қоидаҳои Рахш: акси рангаи шиноснома ё корти шахсӣ, забонҳои ҳуҷҷат — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, файлҳои JPG, JPEG, GIF то 400 КБ
Қоидаҳои Рахш дар бораи санҷиши шахсият: акси ранга, се забон ва файл то 400 КБ.

Санҷишро пешакӣ гузаред, на пеш аз гирифтани маблағи калон: дар вақти санҷиш букмекер метавонад қисми амалиётро боздорад.

Пур кардани ҳисоби Рахш: Корти Миллӣ, Душанбе Сити ва нақд

Ҳисобро бо усулҳои маҳаллӣ ва нақд дар нуқтаи қабули шарт пур мекунанд. Саҳифаи пур кардан ҳашт усулро номбар мекунад: Душанбе Сити, Ҳумо, Шукр Молия, Мегафон Лайф, Мой Тселл, ҳамёни Вавилон, Васл ва Корти Миллӣ. Банди 1.1-и қоидаҳо ба онҳо терминалҳои Шукр Молия ва Экспресс Пей, кортҳои Visa ва кортҳои номиналиро илова мекунад, ки дар нуқтаҳои қабули шарт фурӯхта мешаванд. Бонки Алиф дар ин рӯйхатҳо нест.

Усул Ҳадди ақал Ҳадди аксар Комиссияи букмекер Ворид шудан
Душанбе Сити 1 TJS 99 999 TJS 0% фавран
Корти Миллӣ 1 TJS 99 999 TJS 0% фавран
Нақд дар нуқтаи қабули шарт тибқи шартҳои касса тибқи шартҳои касса 0% фавран

Пардохт бо Корти Миллӣ чунин мегузарад:

  1. Хазинаро кушоед ва «Корти Милли»-ро интихоб кунед.
  2. Маблағро бо сомонӣ нависед.
  3. Пардохтро дар варақаи бонк тасдиқ кунед.
  4. Чеки электрониро то ворид шудани пул нигоҳ доред — агар пул дер ояд, он лозим мешавад.

Комиссияи бонкро букмекер намепардозад (банди 1.19): онро дар шартҳои корти худ бинед. Агар пул дер ояд, банди 1.29-и қоидаҳо маслиҳат медиҳад, ки фавран ба дастгирӣ — ба рақами кӯтоҳи 8686 ё ба Telegram — нависед.

Саҳифаи «Пополнение счёта»-и Рахш: Душанбе Сити, Хумо, Шукр Молия, Мегафон лайф, Мой Тселл, Вавилон кошелёк, Васл ва Корти Милли
Саҳифаи пур кардан ҳашт усули маҳаллиро номбар мекунад, аз ҷумла Корти Миллӣ ва Душанбе Сити.

Гирифтани маблағ аз Рахш: 24 соат, 60% ва се дархост дар як рӯз

Маблағро ба Душанбе Сити, ба корти Корти Миллӣ ва нақд дар нуқтаи қабули шарт мегиранд; ҷадвали пардохтҳо мӯҳлатро 5–10 дақиқа нишон медиҳад. Аммо пеш аз дархости аввал бояд се шарти қоидаҳо иҷро шавад, ва маҳз ин шартҳо камбудии асосии Рахш мебошанд.

Усул Ҳадди ақал Ҳадди аксар барои як амалиёт Мӯҳлат дар ҷадвал
Душанбе Сити 50 TJS 20 000 TJS 5–10 дақиқа
Корти Миллӣ 50 TJS 20 000 TJS 5–10 дақиқа
Нақд дар нуқтаи қабули шарт 50 TJS 50 000 TJS 5–10 дақиқа

Шартҳои асосии гирифтани маблағ тибқи қоидаҳо:

  • 24 соат баъди пасандози аввал. Дархостро барвақттар додан мумкин нест (банди 1.17).
  • 60% пасандоз дар шартҳо. Пеш аз гирифтан ақаллан 60% маблағи гузошташуда бояд ба натиҷаҳо бо коэффитсиенти аз 1,87 гузошта шавад (банди 1.18).
  • На бештар аз се дархост дар як шабонарӯз (банди 1.16).
  • Мӯҳлати воқеӣ. Пардохт дар нуқтаи қабули шарт то се рӯзи тақвимӣ омода мешавад (банди 1.11), ба ҳисоби бонкӣ пул дар 3–6 рӯзи бонкӣ мерасад (банди 1.13).
  • Дархости калон пас аз соати 20:00. Дархости аз 10 000 сомонӣ, ки баъд аз 20:00 дода шудааст, рӯзи дигар пас аз кушода шудани нуқта пардохт мешавад (банди 1.14).

Мисол бо сомонӣ: бозингар 1 000 сомонӣ гузошт. Пеш аз дархости гирифтани маблағ ӯ бояд ақаллан 600 сомониро ба натиҷаҳо бо коэффитсиенти 1,87 ё баландтар гузорад — бо як шарт ё бо якчанд шарт. Агар ӯ ҳамон рӯз хоҳад, ки пулро баргардонад, бояд то гузаштани 24 соат интизор шавад.

Бандҳои қоидаҳои Рахш дар бораи гирифтани маблағ: дархост на барвақттар аз 24 соат баъди пасандози аввал, 60% пасандоз бо коэффитсиенти аз 1,87, на бештар аз се дархост дар як шабонарӯз
Қоидаҳои гирифтани маблағ: як шабонарӯз баъди пасандоз, 60% бо коэффитсиенти аз 1,87 ва се дархост дар як рӯз.

Комиссия дар ҷадвал 0% аст, аммо барои дархостҳои «холӣ» ва бемаънӣ қоидаҳо иҷозат медиҳанд, ки ба бозингар комиссияи инфиродӣ то 2% барои ҳар амалиёт гузошта шавад (банди 1.22). Комиссияи бонкҳо ва низомҳои пардохтро худи бозингар мепардозад (банди 1.19). Соҳиби корт бояд бо соҳиби ҳисоби бозӣ як шахс бошад (банди 1.20).

Пули нақдро дар нуқтаи қабули шарт танҳо ба соҳиби ҳисоб бо асли шиноснома ва рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) медиҳанд (банди 1.12). Маблағи фармоишдода се рӯз дар нуқта интизор мешавад ва баъд ба ҳисоб бармегардад. Агар пардохт дер монад, рақами дархостро нигоҳ доред ва ба дастгирӣ нависед.


18+ Melbet

Промокод барои Тоҷикистон

Melbet: промокоди бақайдгирӣ ба пасандози аввал бонус медиҳад.

Гирифтани бонус
Android iOS

Бонуси Рахш барои пасандози аввал: 100% то 11 111 сомонӣ

Рахш ба пасандози аввал 100% илова мекунад, ҳадди аксар 11 111 TJS. Барои гирифтани бонус телефон ва почтаро тасдиқ кунед, ақаллан 100 сомонӣ гузоред ва фавран баъди ворид шудани пул дар тирезаи аксия ё дар саҳифаи бонусҳои профил «Принять»-ро пахш кунед. Агар пеш аз фаъол кардан шарт гузоред, бонус дастнорас мешавад.

Бахши «Промо»-и Рахш: кортҳои «Бонус на первый депозит» +100% то 11 111 TJS ва «Первый депозит через кассу» +105% бо гардиш то x20
Ду пешниҳод барои бозингари нав: +100% онлайн ва +105% ҳангоми пур кардан тавассути касса.

Бонусро фавран гирифтан мумкин нест: аввал гардиши шартҳо лозим аст. Гардиш маблағи бонус зарб дар коэффитсиенти гардиш аст: x15 ҳангоми пасандоз аз 100 то 7 777 TJS ва x20 — аз 7 777 то 11 111 TJS. Пасандози аз 11 111 TJS зиёд ба аксия қабул намешавад.

Пасандози аввал Бонус Гардиши лозимӣ
100 TJS 100 TJS 1 500 TJS (x15)
500 TJS 500 TJS 7 500 TJS (x15)
7 000 TJS 7 000 TJS 105 000 TJS (x15)
10 000 TJS 10 000 TJS 200 000 TJS (x20)

Дар вақти бозбурд шарти аз 200 TJS калон гузоштан мумкин нест ва танҳо шартҳо дар бахшҳои «Спорт» ва Live ҳисоб мешаванд. Мӯҳлати бозбурдро қоидаҳои аксия намегӯянд. Аз бонус ҳар вақт даст кашидан мумкин аст. Мисол: бозингар 500 сомонӣ гузошт ва 500 сомонии бонусӣ гирифт; барои бозбурд ӯ бояд дар маҷмӯъ 7 500 сомонӣ шарт гузорад.

Қоидаҳои бонуси Рахш ба пасандози аввал: пур кардан аз 100 TJS, гардиши x15 ё x20, шарти ҳадди аксар 200 TJS, шартҳо дар «Спорт» ва Live ҳисоб мешаванд
Қоидаҳои бонус: пасандоз аз 100 TJS, гардиши x15 ё x20, шарт дар вақти бозбурд — то 200 TJS.

Пешниҳодҳои дигар барои шартгузорӣ ба варзиш:

  • 105% ба пасандози аввал тавассути касса. Ҳамон аксия барои пур кардани нақд, гардиш то x20.
  • +5% ба пасандозҳои навбатӣ тавассути касса. Аз 20 TJS, гардиш x1, бонус то 200 TJS.
  • Cash Out. Шартро пеш аз анҷоми рӯйдод пурра ё қисман фурӯхтан мумкин аст.
  • Тағйир додани шарт. Шарти гузошташударо иваз кардан мумкин аст, комиссия барои ҳар шарт алоҳида ҳисоб мешавад.

Бонус ба пасандоз фрибет нест; фарқи онҳо дар мақолаи «фрибет» шарҳ дода шудааст.

Хат ва маржаи Рахш: 23 намуди варзиш ва ченаки мо

Дар менюи хати Рахш 23 бахш ҳаст — аз футбол ва теннис то шоҳмот, бо «Политика» ва «Разное»; дар Live кабаддӣ ҳам вомехӯрад. Дар хат тақрибан 2 500 рӯйдод ҳаст, беш аз 1 000-тои онҳо футбол аст, баъд теннис, баскетбол ва тенниси рӯимизӣ меоянд. Ҳадди ақали шарт 5 TJS аст, ки дар купон дида мешавад. Ҳадди аксарро қоидаҳо намегӯянд: ширкат метавонад шартро маҳдуд кунад (банди 1.33).

Ҷои асосӣ дар хат аз они футбол аст: чемпионатҳои Аврупо, мусобиқаҳои Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ, ҷомҳо, Лигаи чемпионҳо, Лигаи Аврупо ва Лигаи конфронсҳо, бозиҳои дастаҳои миллӣ. Лигаи олии Тоҷикистон бо «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ва чемпионати Русия дар хат нестанд — барои букмекери маҳаллӣ ин камбудии намоён аст. Бозии калон ба гурӯҳҳои бозорҳо тақсим шудааст: Bet Builder, тайм, тотал, кунҷиҳо, голҳо, кортҳо, бозингарон, фора, зарбаҳо, қоидашиканиҳо ва омор.

Бозорҳои бозии Лигаи 1 «Гавр — ПСЖ» дар Рахш: ҷадвалҳои Bet Builder, тайм, тотал, кунҷиҳо, голҳо, кортҳо, бозингарон, фора ва омор
Бозорҳои бозии калон ба ҷадвалҳо тақсим шудаанд — аз Bet Builder то омор.

Дар купон се навъи шарт ҳаст: ординар (як рӯйдод), экспресс (якчанд натиҷа бо коэффитсиенти умумӣ) ва система (маблағ байни якчанд омезиш тақсим мешавад). Дар Live ҳисоби ҷорӣ, дақиқаи бозӣ ва коэффитсиентҳои тағйирёбанда нишон дода мешаванд; рӯзона одатан понздаҳ-бист бозии футбол ва тақрибан бист бозии киберварзиш ҳаст. Видеоро ба меҳмон нишон намедиҳанд, дар корти бозӣ табло бо ҳисоб ва омор ҳаст.

Бахши Live-и Рахш: бозиҳои футболи якчанд кишвар бо ҳисоби ҷорӣ, дақиқа ва коэффитсиентҳо ба натиҷа
Футбол дар Live: ҳисоб, дақиқаи бозӣ ва коэффитсиентҳо дар як сатр.

Дар киберварзиш Рахш ба чор бозӣ шарт қабул мекунад: Counter-Strike, Dota 2, Valorant ва Honor of Kings. Барои бисёр бозиҳо бозори «Победитель» ҳаст, барои қисми мусобиқаҳо — бозорҳои алоҳида.

Киберварзиш дар Live-и Рахш: бозиҳои Counter-Strike, Dota 2, Valorant ва Honor of Kings бо коэффитсиентҳо ба ғолиб
Киберварзиш дар Live: Counter-Strike, Dota 2, Valorant ва Honor of Kings.

Маржаро мо дар натиҷаи бозӣ (1X2) пеш аз оғоз ҳисоб кардем: барои ҳар бозӣ қиматҳои 1/коэффитсиенти се натиҷа ҷамъ карда, аз ҷамъ як тарҳ кардем. Медианаи 18 бозии Лигаи чемпионҳо гирифта шуд.

Бозӣ П1 / X / П2 Маржаи Рахш
Галатасарай — Штутгарт 2,16 / 3,95 / 2,82 7,07%
Барселона — Астон Вилла 1,24 / 6,66 / 9,09 6,66%
ЛАСК — Слован Братислава 1,39 / 5,02 / 6,40 7,49%
Медианаи 18 бозӣ — 7,10%

Ченак 2 ноябри соли 2026 аз соати 16:51 то 16:53 бо вақти Душанбе гузаронида шуд: 12 букмекер дар як вақт, бе воридшавӣ ба ҳисоб; Лигаи чемпионҳо, даври чорум, 18 бозӣ, хат 30–56 соат пеш аз оғоз.

Бо сомонӣ ин чунин аст: аз ҳар 1 000 сомонӣ, ки ба натиҷаи бозӣ гузошта мешавад, тақрибан 934 сомонӣ ба бозингарон бармегардад ва тақрибан 66 сомонӣ дар ширкат мемонад. Медианаи ҳамаи 12 ширкат дар ҳамон ченак 4,48% аст. Букмекерҳои дигари дорои иҷозатномаи маҳаллӣ дар ҳамон 18 бозӣ камтар гирифтанд: Formula55 — 3,03%, Komyob — 4,74%, Tennisi — 5,50%. Дар ин ченак маржаи Рахш аз ҳар 11 ширкати дигар баландтар буд.

Қоидаҳои ҳисоби шартҳо дар Рахш

Қоидаҳо ба ширкат иҷозат медиҳанд, ки маблағи шартро маҳдуд кунад, рӯйдоди баҳснокро санҷад ва шартҳои бо вайронкорӣ алоқамандро бекор кунад.

  • Иштирокчӣ натиҷаро пешакӣ медонист ё ба он таъсир расонида метавонист. Ширкат метавонад ҳисобро бандад ва шартҳоро бекор кунад (банди 1.38).
  • Барномаҳои худкор ё созиш барои гузаштан аз маҳдудиятҳо. Ҳамон чораҳо (банди 1.38).
  • Маблағ аз ҳадди иҷозатдодашуда зиёд аст. Шарт ба баррасӣ меравад, қисми қабулнашуда ба ҳисоб бармегардад (банди 1.37).
  • Бозӣ ба вақти дигар гузашт ё қатъ шуд. Ҳисоб аз қоидаҳои намуди варзиш ва бозор вобаста аст; як қоидаи умумӣ барои ҳамаи намудҳо нест.
Бандҳои 1.37–1.39-и қоидаҳои Рахш: шарти аз ҳад зиёд ба баррасӣ меравад, шартҳо ҳангоми вайронкорӣ бекор мешаванд, ҳисоб баста мешавад
Бандҳои 1.37–1.39-и қоидаҳо: шарти аз ҳад зиёд, бекор кардани шартҳо ва бастани ҳисоб.

Ҳангоми баҳс купонро нигоҳ доред ва шарҳи ҳисобро аз дастгирӣ бо навиштан пурсед. Пардохти ҳадди аксарро аз рӯи купон пеш аз тасдиқи шарт санҷед.

Нуқтаҳои қабули шарти Рахш ва хадамоти дастгирӣ

Дар нуқтаҳои заминии Рахш шарт гузоштан, ҳисобро пур кардан, корти номиналӣ барои пур кардан харидан (банди 1.1), бурдро нақд гирифтан ва ҳуҷҷатро барои санҷиши шахсият нишон додан мумкин аст (банди 1.7). Кассир ҳангоми пардохти аз 100 сомонӣ зиёд метавонад ҳуҷҷат пурсад, пулро бошад, танҳо ба соҳиби ҳисоб медиҳанд (бандҳои 1.12 ва 1.21).

Суроғаҳо, шаҳрҳо ва соатҳои кори нуқтаҳо дар сомона нашр нашудаанд. Нуқтаи наздиктарин ва тартиби кори онро бо рақами кӯтоҳи 8686 пурсед — махсусан агар пардохти калон лозим бошад.

Тамосҳо дар бахши «Обратная связь» ҷамъ оварда шудаанд:

Роҳ Тамос Дар куҷо гуфта шудааст
Телефон 8686 «Обратная связь», қоидаҳо
Боти Telegram @Raxsh_support_bot «Обратная связь»
Почта [email protected] «Обратная связь»
Instagram bkraxsh «Обратная связь»
Telegram бо рақам рақам дар банди 1.29 қоидаҳо — таъхири пардохт
Чат дар сомона нишонаи гуфтугӯ дар кунҷи экран дар ҳамаи саҳифаҳо
Бахши «Обратная связь»-и сомонаи Рахш: боти Telegram @Raxsh_support_bot, Instagram bkraxsh, почтаи info@raxsh.tj ва рақами кӯтоҳи 8686
«Обратная связь»: боти Telegram, Instagram, почта ва рақами кӯтоҳи 8686.

Соатҳои кор ва забонҳои ҷавобро сомона намегӯяд. Барои баҳс дар бораи пардохт муроҷиати хаттӣ бо чек беҳтар аст: мукотиба, рақами дархостҳо ва купонҳоро нигоҳ доред.

Бартариҳо ва камбудиҳои Рахш

Бартариҳо:

  • Хазинаи маҳаллӣ. Ҳашт усул дар саҳифаи пур кардан — Корти Миллӣ, Душанбе Сити, Ҳумо, Васл ва ҳамёнҳо — ва нақд дар касса.
  • Нақд дар нуқтаи қабули шарт. Бурдро ба Корти Миллӣ ё дар нуқта бо шиноснома гирифтан мумкин аст.
  • Бонус бе мӯҳлати бозбурд. 100% то 11 111 TJS, гардиш x15 ҳангоми пасандоз то 7 777 TJS.
  • Купони пурра. Ординар, экспресс, система, Bet Builder, Cash Out ва тағйир додани шарт.
  • Ду барнома. iPhone аз App Store-и Тоҷикистон, Android — APK аз сомона.

Камбудиҳо:

  • Маржаи 7,10% дар Лигаи чемпионҳо. Дар ҳамон 18 бозӣ 11 ширкати дигар камтар гирифтанд.
  • Шартҳои сахти гирифтани маблағ. 60% пасандоз бо коэффитсиенти аз 1,87 ва 24 соат баъди пасандози аввал.
  • Нусхаи тоҷикӣ нест. Сомона бо русӣ, англисӣ ва хитоӣ, барнома бо англисӣ.
  • Футболи Тоҷикистон дар хат нест. Суроғаҳои нуқтаҳои қабули шарт дар сомона ҳам нестанд.

Рахш ба касе мувофиқ аст, ки бо сомонӣ шарт мегузорад, бо Корти Миллӣ ё нақд пардохт мекунад ва бурдро дар нуқтаи наздик мегирад. Касе, ки коэффитсиентҳоро муқоиса мекунад, баъди пур кардан зуд маблағи хурд мегирад ё ба ординарҳо бо коэффитсиенти паст шарт мегузорад, аз шартҳои Рахш нороҳат мешавад.

Агар Рахш ба шумо мувофиқ набошад, онро бо наздиктарин иҷозатномадорони Вазорати молия дар рейтинги мо — Komyob ва Tennisi муқоиса кунед.

Бозии масъулиятнок дар Рахш: GameStop ва рақами 8686

Шартгузорӣ танҳо аз 18-солагӣ иҷозат аст ва ин вақтхушӣ аст, на роҳи пул кор кардан. Дар қоидаҳои Рахш барномаи худистисноии GameStop ҳаст: барои бастани дастрасӣ ба шартгузорӣ ба рақами 8686 занг задан лозим аст. Ширкат маълумоти бозингари истисношударо нигоҳ медорад, то ӯ дубора ба қайд нагирад. Маҳдудияти пасандоз ва шартро бошад, қоидаҳо ва саҳифаи бозии масъулиятнок тасвир намекунанд.

Саҳифаи «Ответственная игра»-и сомонаи Рахш: маслиҳатҳо ба бозингар ва барномаи худистисноии GameStop бо рақами 8686
Худистисноии GameStop бо занг ба 8686 расмӣ мешавад.

Пеш аз бозӣ ҳадди харҷ ва вақтро муайян кунед. Се аломате, ки бозӣ аз назорат мебарояд:

  • Хоҳиши фавран баргардонидани бохт. Шарти нав танҳо барои он гузошта мешавад, ки пули рафта баргардад.
  • Шарт бо пули қарзӣ. Барои бозӣ қарз мегиред ё чизе мефурӯшед.
  • Аз буҷет баромадан. Харҷ мунтазам аз ҳадди пешакӣ муайяншуда мегузарад.

Агар худро шинохтед, бозиро бас кунед ва аз наздикон ё мутахассис кӯмак пурсед. Маслиҳатҳо дар саҳифаи «Бозии масъулиятнок» ҷамъ оварда шудаанд.

Саволҳои маъмул дар бораи Рахш

Бале, Рахш бо иҷозатномаи Вазорати молияи Тоҷикистон кор мекунад. Рақам, сол ва номи оператор дар бахши иҷозатнома омадаанд. Худи сомона ин маълумотро нишон намедиҳад, бинобар ин пеш аз пур кардан суроғаи raxsh.tj-ро дар сатри браузер санҷед ва қоидаҳоро хонед.

Аз 18 солагӣ. Ҳангоми бақайдгирӣ бозингар болиғ будани худро тасдиқ мекунад ва ширкат метавонад шиноснома ё корти шахсиро пурсад. Агар синну сол нодуруст нишон дода шуда бошад, ҳисобро бастан ва шартҳоро бекор кардан мумкин аст.

Хазинаро кушоед, «Корти Милли»-ро интихоб кунед, маблағро бо сомонӣ нависед ва пардохтро дар варақаи бонк тасдиқ кунед. Чекро то ворид шудани пул нигоҳ доред. Комиссияи бонкро букмекер намепардозад. Ғайр аз Корти Миллӣ, Душанбе Сити, Ҳумо, Васл, ҳамёнҳо ва нақд дар касса ҳастанд.

Қоидаҳо ду шарт доранд: дархости аввал на барвақттар аз 24 соат баъди пур кардан ва пеш аз он ақаллан 60% пасандоз бояд бо коэффитсиенти аз 1,87 гузошта шавад. Дар як шабонарӯз на бештар аз се дархост қабул мешавад. Ба ҳисоби бонкӣ пул дар 3–6 рӯзи бонкӣ мерасад.

Телефон ва почтаро тасдиқ кунед, бори аввал аз 100 TJS гузоред ва фавран баъди ворид шудани пул «Принять»-ро пахш кунед. Бонус 100% аст, то 11 111 сомонӣ. Гардиш x15 ҳангоми пасандоз то 7 777 TJS ва x20 ҳангоми пасандози калонтар; шарт дар вақти бозбурд — то 200 TJS.

Бале. Барномаи iPhone дар App Store-и Тоҷикистон аст, iOS 15.0 ва навтар лозим аст. Барои Android файли APK-и тақрибан 4,9 МБ-ро аз саҳифаи барномаҳои raxsh.tj мегиранд; саҳифа танҳо аз телефон кушода мешавад. Дар Google Play барномаи расмии Рахш нест.

Рӯйхати нуқтаҳо дар raxsh.tj нашр нашудааст. Нуқтаи наздиктарин ва соатҳои кори онро бо рақами кӯтоҳи 8686 пурсед. Дар нуқта шарт гузоштан, ҳисобро пур кардан, бурдро бо шиноснома ва РМА гирифтан ва ҳуҷҷатро барои санҷиш нишон додан мумкин аст.

Навсозӣ: 03.11.2026

Ҳамчунин хонед

баннер букмекера Melbet
18.11.2026

Melbet

Melbet дар Тоҷикистон сомонаи mel-bet.tj бо нусхаи тоҷикӣ ва ҳисоби сомонӣ аст: хати 9 000 рӯйдод ва маржаи 1,55%, вале дар хазинаи кушода танҳо Korti Milli ҳаст ва телефони дастгирӣ нест.

баннер букмекера 1xBet
03.11.2026

1xBet

1xBet дар Тоҷикистон сомонаи 1xbet.tj бо забони тоҷикӣ аст: панҷ усули пур кардан бо сомонӣ ва маржаи 1,55%, вале хазина баъди санҷиши шахсият кушода мешавад ва маблағ танҳо ба Корти Миллӣ гирифта мешавад.

баннер букмекера Mostbet
03.11.2026

Mostbet

Mostbet бо забони тоҷикӣ, ҳисоби сомонӣ ва барнома дар App Store-и Тоҷикистон кор мекунад. Вале дар хазинааш Корти Миллӣ ва дигар усулҳои маҳаллӣ нестанд, дар кабинет маҳдудиятҳо ва ҳифзи дуомила ҳам нест.

баннер букмекера 1win
03.11.2026

1win

1win барои Тоҷикистон хазина бо сомонӣ ва Корти Миллӣ аз 30 TJS ва интерфейси тоҷикӣ дорад, вале дар кабинет ҳифзи дуомила ва маҳдудиятҳо нест, дархости гирифтани маблағ бошад, бонусҳоро бекор мекунад.

18+ Melbet
Промокод барои бонус ба пасандози аввал
Гирифтани бонус
Android iOS
Ҳамчунин хонед
  • Мелбет тҷ: баррасии ширкати букмекерии Melbet дар сомонаи mel-bet.tj — бақайдгирӣ, хазина бо сомонӣ, хат ва барнома
  • 1xBet Тоҷикистон: баррасии ширкати букмекерии 1xbet.tj — бақайдгирӣ, хазина бо сомонӣ, хат ва барнома
  • Мостбет тҷ: баррасии ширкати букмекерии Mostbet — воридшавӣ ва бақайдгирӣ, хазина бо сомонӣ, бонуси варзишӣ ва барнома
  • 1win Тоҷикистон: баррасии ширкати букмекерии 1win — сомонаи расмӣ ва нусхаи тоҷикӣ, бақайдгирӣ, хазина бо сомонӣ, бонус барои варзиш ва барнома
BukmekerHub-TJ

Раддабандии букмекерҳо дар Тоҷикистон

  • Букмекерҳо дар Осиёи Марказӣ
    • Рейтинги букмекерҳо дар Ӯзбекистон
    • Рейтинги букмекерҳо дар Қазоқистон
    • Рейтинги букмекерҳо дар Қирғизистон
  • Дар бораи лоиҳа
    • Методологияи мо
    • Бозии масъулиятнок
    • Сиёсати махфият
    • Созишномаи корбар
    • Муаллифон
  • Баррасиҳо
    • Melbet
    • 1xBet
    • Formula55
    • Parimatch
    • Tennisi
    • Komyob
    • Linebet
    • Pinco
    • Рахш
    • Betwinner
    • Betcity
    • 1win
    • Mostbet

BukmekerHub © 2026